Хизматрасонии "Ту дар куҷой?"

«Ту дар куҷоӣ?» – хизматрасонии геолокатсионӣ буда, ба муштариён имконият медиҳад, ки дар бораи мавқеи ҷойгиршавии феълии Муштариёни дигари шабака маълумот ба даст оранд.

Мавқеи ҷойгиршавии Муштарӣ на танҳо ҳангоми муошират, балки ҳангоми дар реҷаи интизорӣ қарор доштан низ метавонад муайян карда шавад.

Ба истифодабарандаи хизматрасонӣ баъд аз ирсоли дархости ҷустуҷӯӣ, SMS-паёмак бо шарҳи матнии мавқеи ҷойгиршавии Муштарӣ, бо замимаи харита фиристода мешавад.

Фаъолгардонии хизматрасонӣ

Ҳангоми фаъолгардонии нахустини хизматрасонӣ ба Муштарӣ 3 рӯз истифодабарии хизматрасонӣ бо 0 TJS пешниҳод карда мешавад.

Барои фаъолгардонии хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?», рақами кӯтоҳи USSD *345# ворид ва тугмачаи даъват пахш карда шавад.

«ТУ ДАР КУҶОӢ? 3 рӯз 0 TJS, минбаъд 0.60 TJS/рӯз 1>Обунашавӣ»

Тарофабандӣ

Ба Муштарӣ бо пардохти собити ҳаррӯзаи 0.60 сомонӣ дар як рӯз имконият дода мешавад, ки то 10 дархостҳои ҷустуҷӯӣ ирсол намояд.

Дархости аз меъёри ҷудошуда зиёд ба таври шуморагӣ тарофабандӣ карда мешавад: 0.60 сомонӣ барои ҳар як дархости ҷустуҷӯии аз меъёр зиёд.

Муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии Муштарӣ

Барои он ки мавқеи ҷойгиршавии Муштарӣ муайян карда шавад, истифодабарандаи хизматрасониро зарур аст, ки нахуст аз Муштарӣ барои ҷустуҷӯ иҷозат гирад.

  1. *345#-ро ворид намуда, тугмачаи даъватро пахш намоед.
  2. Ба феҳрести 1>Рӯйхати ман даромада, опсияи 0>Иловаи рақам-ро интихоб кунед.
  3. Рақами Муштариро ворид намуда, тугмачаи даъватро пахш кунед.
  4. Муштарӣ-гиранда бояд ба SMS-и аз рақами хадамотии 345 қабулшуда посух гӯяд.

Намунаи ҷавоб барои дархости ҷустуҷӯӣ

Дар сурати иҷрои бомуваффақияти дархости ҷустуҷӯӣ истифодабаранда SMS бо матни тавсифкунандаи мавқеи ҷойгиршавии Муштарӣ ва замимаи харитаро қабул мекунад.

«Дархост иҷро нашуд. Муштарии +992ХХХХХХХХХ берун аз минтақаи фаъолият қарор дорад ва ё телефонаш хомӯш карда шудааст. Баъдан такрор кунед. Хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?» *345#.»
«{сана} {вақт} Муштарии +992ХХХХХХХХХ мавқеи ҷойгиршавии ҳозираи Шуморо муайян кард. Агар Шумо қабули чунин SMS-ро қатъ намудан хоҳед *345**3#-ро ворид намоед. Хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?» *345#.»

USSD-фармоишҳо

  • *345**9XXYYYYYY# — дархост барои иҷозат ё муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии Муштарӣ.
  • *345**9XXYYYYYY*0# — манъи муайян намудани мавқеи ҷойгиршавӣ барои Муштарии нишондодашуда.
  • *345**3# — қатъи SMS-паёме, ки Муштариро дар бораи мавқеи ҷойгиршавии ӯ огоҳ мекунад.
  • *345**4# — пайвастнамоии SMS-паёме, ки Муштариро дар бораи мавқеи ҷойгиршавии ӯ огоҳ мекунад.
  • *345**00# — қатъи хизматрасонӣ.
  • *345*00# — қатъ намудани хизматрасонӣ.

Тағйири забони хизматрасонӣ

Барои иваз намудани забони хизматрасонӣ ворид намудани *345#, баъдан ворид шудан ба бахши 4>Идора ва 2>Забонро интихоб кунед талаб карда мешавад.

Хизматрасонӣ бо ду забон дастрас аст: тоҷикӣ ва русӣ.

Гирифтани маълумот

  • Барои Муштариёне, ки хизматрасониро фаъол кардаанд: *345#4>Идора1>Маълумот
  • Барои муштариёне, ки хизматрасониро фаъол накардаанд: *345#

Қатъи хизматрасонӣ

Барои қатъ кардани хизматрасонӣ ворид карда шавад: *345#4>Идора3>Хомӯш кардан.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат