5G чист?

Маълумот аллакай мавҷуд аст, аммо пешниҳод мешавад, ки тавсифи ҷории хидматрасонӣ васеъ карда шавад:

5G – ин насли нави алоқаи мобилӣ аст, ки барои истифодаи боз ҳам тезтар, бароҳаттар ва муосиртари истифода аз хизматрасонҳои рақамӣ тарҳрезӣ шудааст.

Суръати баланди интиқоли додаҳо, таъхири ҳадди камтарин ва иқтидори афзояндаи шабака имкон медиҳад, ки аз имконоти маъмулии Интернет бо роҳи нав баҳра баред: видеоҳоро бо сифати баланд тамошо кунед, файлҳои калонро зуд зеркашӣ кунед, аз онлайн - хизматрасониҳо истифода баред, зангҳои видеоӣ анҷом диҳед ва бо таъхири ҳадди камтарин онлайн бозӣ кунед.

Бо 5G, смартфони Шумо боз ҳам пурқувваттар, Интернети мобилӣ тезтар ва қулайтар мешавад.

5G чӣ пешниҳод мекунад?

Суръати баланди Интернет

Замимаҳо, аксҳо, видеоҳо ва файлҳои калонро хеле зуд зеркашӣ кунед. Аз онлайн - хизматрасониҳои муосир бе интизориҳои зиёдатӣ истифода баред.

Таъхири камтарин

Вокуниши зудтари шабака махсусан ҳангоми истифодаи бозиҳои онлайнӣ, зангҳои видеоӣ, барномаҳои интерактивӣ ва дигар хизматрасониҳое, ки дар он суръати вокуниш муҳим аст, ба назар мерасад.

Видео бо сифати баланд

Филмҳо, гузоришҳо ва дигар видеоконтентҳои баландсифатро бо роҳати боз ҳам бештар тамошо кунед.

Имкониятҳои бештар дар як вақт

Технологияи 5G барои дастгирии самараноки шумораи зиёди дастгоҳҳои пайвастшуда тарҳрезӣ шудааст ва ба шабака имкон медиҳад, ки ҳаҷми афзояндаи трафики мобилиро идора кунад.

Имкониятҳои нави рақамӣ

5G заминаи технологиро барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои муосир, дастгоҳҳои интеллектуалӣ, роҳҳои ҳалли абрӣ ва дигар технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад.

Барои истифодаи 5G чӣ лозим аст?

Барои истифода аз бартариятҳои шабакаи 5G аз «Вавилон-Мобайл» зарур аст:

  • смартфон ё дастгоҳи дигаре, ки технологияи 5G-ро дастгирӣ намояд;
  • дар минтақаи фарогирии шабакаи 5G-и Babilon Mobile қарор дошта бошед;
  • дар танзимоти шабакаи мобилии дастгоҳи худ ҳолати 5G-ро фаъол созед;
  • интиқоли додаҳои мобилиро фаъол намоед.

Вақте ки шартҳои зарурӣ иҷро мешаванд, дастгоҳ ба таври худкор ба шабакаи дастраси 5G пайваст мешавад.

5G-ро чӣ тавр фаъол кардан мумкин аст?

iPhone

Боз кунед:

Настройки → Сотовая связь → Параметры → Голос и данные → 5G Авто или 5G Вкл.

Android

Боз кунед:

Настройки → Мобильная сеть / SIM-карты → Предпочтительный тип сети → выберите режим с поддержкой 5G.

Номи бандҳои феҳраст (меню) вобаста ба истеҳсолкунандаи смартфон, модели дастгоҳ ва версияи нармафзор метавонанд фарқ кунанд.

Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки шумо ба 5G пайваст ҳастед?

Агар дастгоҳ бомуваффақият дар шабакаи 5G сабти ном шуда бошад, дар паҳлӯи нишондиҳандаи шабакаи мобилӣ дар болои экран рамзи 5G пайдо мешавад.

Акнун шумо метавонед аз Интернети мобилии насли оянда баҳра баред.

Оё смартфони ман 5G-ро дастгирӣ мекунад?

Дар сомонаи «Вавилон-Мобайл» рӯйхати дастгоҳҳое ҷой карда шудаанд, ки барои кор дар шабакаи 5G санҷида шудаанд: https://babilon-m.tj/5g.php?id=2

Модели телефони худро наёфтед?

Рӯйхат дастгоҳҳоеро дар бар мегирад, ки аллакай дар шабакаи «Вавилон-Мобайл» санҷида шудаанд ва бо гузаронидани санҷишҳои нав пурра карда мешаванд.

Набудани модели мушаххас дар рӯйхат маънои онро надорад, ки дастгоҳ 5G-ро дастгирӣ намекунад.

Усули санҷиши суръати 5G?

Суръати Интернети мобилии худро бо истифода аз барномаи Speedtest by Ookla санҷед.

Барои санҷиш, сервери Babilon-M-ро дар барнома интихоб кунед ва санҷиши суръатро иҷро намоед.

Санҷиши суръат ройгон аст — трафики интернетие, ки ҳангоми санҷиш тавассути сервери Babilon-M истифода мешавад, тарофабандӣ намешавад.

Боргирии Speedtest:

5G дар куҷо дастрас аст?

Шабакаи 5G аз «Вавилон-Мобайл» рушд мекунад ва тавсеа меёбад.

Барои истифодаи технология, шумо бояд дар минтақаи фарогирии 5G қарор дошта бошед.

Минтақаи фарогирии ҷории 5G-ро санҷед ва фаҳмед, ки оё шабакаи насли оянда дар минтақаи шумо дастрас аст.

Донистан муҳим аст

Суръат ва сифати воқеии Интернети мобилӣ метавонад аз модел ва хусусиятҳои дастгоҳ, макони ҷойгирии муштарӣ, қувваи мавҷи радиоӣ, сарбории шабака ва дигар омилҳои беруна вобаста бошад.

Минтақаи фарогирии 5G ва рӯйхати дастгоҳҳои санҷидашуда бо рушди минбаъдаи шабака ва озмоиши моделҳои нав васеъ карда мешавад.