Викторинаи «Ҳарфҳои омехта» ба Муштариён имкон медиҳад, ки дар бозӣ ширкат варзанд, аз ҳарфҳои омехта калима созанд, холҳо ба даст оранд ва ҷоизаҳоро бурд намоянд.
Тарзи кор
Дар ҳар як марҳила иштирокчиёни викторина ҳар рӯз тавассути рақами кӯтоҳи 0930 5 савол мегиранд.
Вазифаи иштирокчиён аз он иборат аст, ки аз ҳарфҳои омехта калимаҳоро дақиқ ва ҳарчи зудтар созанд.
- Ҳар як саволи дуруст ҷавоб додашуда бо +1 хол ва +1 нуқта мукофотонида мешавад.
- Холҳо ҷамъ карда мешаванд ва Муштарӣ метавонад дар дилхоҳ вақт онҳоро ба Мегабайтҳо табдил диҳад: 1 хол = 1 МБ.
Даврҳои викторина
Викторина ба Даврҳо тақсим карда шудааст, ки давомнокии ҳар яки онҳо 3 моҳ мебошад.
Фонди ҷоизавии ҳар як Давр интернет-трафик мебошад.
- Ҷои 1-уми ҷоизавӣ: 60 000 мегабайт интернет-трафик.
- Ҷои 2-юми ҷоизавӣ: 30 000 мегабайт интернет-трафик.
- Ҷои 3-юми ҷоизавӣ: 10 000 мегабайт интернет-трафик.
Ҳар як ғолиби Викторина, ки зиёдтарин миқдори ҳисобро ба даст овардааст, тӯҳфаҳо интизор аст.
Муҳлати эътибори бастаи интернет 3 моҳ аст.
Ҷоизаи солона
Ғолиби Викторина дар номинатсияи «Ҷоизаи асосии солона» Муштарие хоҳад буд, ки аз рӯи натиҷаҳои ҳамаи Даврҳои Викторина баландтарин ҳисобро, яъне миқдори калимаҳои сохташуда аз ҳарфҳои омехта, ба даст овардааст.
Ҷоизаи асосии солона: 1 000 000 Мбайт.
Муҳлати эътибори бастаи интернет 12 моҳ аст.
Пайвастнамоии хизматрасонӣ
Барои дастрасӣ ба хизматрасонӣ, Муштарӣ бояд бо рақами *0930# обуна шуда, розигии худро ба тарофабандии ҳаррӯзаи сервис тасдиқ кунад ва сипас дар SMS-викторина иштирок намояд.
Қатънамоӣ
Барои қатъ намудани хизматрасонӣ Муштарӣ бояд USSD-дархости зеринро ирсол намояд: *0930*00#.
Арзиш
- Хизматрасонӣ дар асоси обуна ба таври ҳаррӯза пешниҳод карда мешавад.
- Нархи хизматрасонӣ: 1 сомонӣ дар як рӯз.
- Нархи ҳар як бастаи иловагии 5 SMS бо ҳарфҳои омехта: 1 сомонӣ.
- Иштирокчӣ метавонад бастаи роҳнамоии ҳарфҳоро, яъне кушодани баъзе ҳарфҳоро, харидорӣ намояд.
- Ҳар як бастаи роҳнамоӣ аз 10 роҳнамоӣ иборат буда, арзиши он 1 сомонӣ мебошад.
Муҳим
Бо ирсол намудани дархост ба рақами *0930# барои фаъол намудани обуна ба «Ҳарфҳои омехта», Муштарӣ бо шарт ва тартиби иштирок дар озмун, ки дар сомонаи Оператор оварда шудааст, инчунин оферта оид ба расонидани хизматрасониҳо, ки бо истиноди зерин дастрас аст, розӣ мегардад: оферта.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


