Дар айни замон корҳои техникӣ гузаронида шуда истодаанд. Пешбурди хизматрасониҳо муваққатан боздошта шудаанд.
Хизматрасонии мазкур имкон медиҳад, ки дониши худро сайқал диҳед.
Озмуни «Ғанҷинаи Порсӣ» саволҳоро дар мавзӯъҳои мухталиф давра ба давра пешниҳод мекунад: «Адабиёт», «Ҷуғрофия», «Риёзӣ», «Таърих» ва ғайра, бо 2 намунаи ҷавоб.
Обуна шудан
Барои обуна шудан ба хизматрасонӣ USSD-фармони зеринро ворид намоед: *1015#
«Ба хизматрасонии Ғанҷинаи Порсӣ хуш омадед! Арзиш: 1,20 TJS/рӯз. Обуна: 1»
Қатъ намудан
Барои қатъ намудани хизматрасонӣ фармони зеринро ворид намоед: *1015*00#
Тарзи кор
Ба иштирокчии озмун ҳамарӯза 1 SMS бо савол меояд. Дар идома иштирокчӣ метавонад ба 9 саволи иловагӣ ҷавоб диҳад.
Масалан
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро,
Дарде, ки рози пинҳон, хоҳад шуд ошкоро.
Байт аз кист?
1. Ҳофиз
2. Саъдӣ
Иштирокчии озмун бояд ҷавоби дурустро интихоб кунад. Дар сурати дуруст ҷавоб додан иштирокчии викторина соҳиби 100 хол ва саволҳои иловагӣ мегардад, ҳангоми дархост ва пардохти иловагӣ.
Дар як рӯз ба 10 савол ҷавоб додан мумкин аст.
Арзиши хизматрасонӣ
- Арзиши обуна: 1,20 сомонӣ дар як шабонарӯз бо назардошти тамоми андозҳо.
- Арзиши саволҳои иловагӣ: 1,20 сомонӣ барои ҳар як савол.
Забони хизматрасонӣ
Хизматрасонӣ танҳо бо забони тоҷикӣ пешкаш мегардад.
Давраи озмун
Ҳар як давраи озмун 3 моҳ давом мекунад.
Ҷоизаҳо
- Ҷоизаи 1-ум: 1000 сомонӣ ва 10 000 мегабайт трафики интернет.
- Ҷоизаи 2-юм: 600 сомонӣ ва 6000 мегабайт трафики интернет.
- Ҷоизаи 3-юм: 300 сомонӣ ва 3000 мегабайт трафики интернет.
Аз 01.01.2023 ҳар як давраи викторина 3 моҳ давом мекунад.
Ҷоизаҳо барои ғолибоне, ки миқдори зиёдтари холҳоро ба даст меоранд
- Ҷоизаи 1-ум: 1 500 сомонӣ ва 15 000 мегабайт трафики интернет бо муҳлати 90 рӯз.
- Ҷоизаи 2-юм: 1 000 сомонӣ ва 10 000 мегабайт трафики интернет бо муҳлати 90 рӯз.
- Ҷоизаи 3-юм: 500 сомонӣ ва 5 000 мегабайт трафики интернет бо муҳлати 90 рӯз.
Муҳим
Бо ирсоли дархост ба рақами *1015# барои фаъолкунии обуна ба «Ғанҷинаи Порсӣ», иштирокчии озмун шартҳои иштирок дар викторина, ки дар сайти Оператор тавсиф шудааст, инчунин қоидаҳои хизматрасониро, ки дар истиноди зерин мавҷуданд, қабул мекунад: оферта.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


