Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯем!
Ин рӯзи фархунда рӯзест, ки моро бо муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои он, ифтихор аз дастовардҳои шоиста ва боварӣ ба ояндаи дурахшони он муттаҳид месозад.
Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша чун кишвари сулҳу ваҳдат, субот ва созандагӣ боқӣ монад. Бахшида ба ин рӯзи фархунда ба Ватани азизамон ояндаи дурахшону дастовардҳои нав, ба ҳар яки шумо некуаҳволӣ, муваффақият ва бо меҳнати содиқонаи худ имконияти саҳмгузорӣ дар рушди кишвари азиз таманно дорем.
Бигзор дар ҳар як хонадон сулҳу накӯкорӣ ҳукмфармо бошад ва муҳаббати мо ба Тоҷикистон моро муттаҳид сохта, илҳомбахши дастовардҳои нав ба нав гардад!
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бозпас ба рӯйхат


