Огоҳинома

Муштариёни муҳтарам!

Ширкати «Вавилон-Мобайл» корҳои навсозии шабака, таҷдиди таҷҳизот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро идома дода истодааст. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки сифати алоқа беҳтар гардида, суръати интернет ва устувории хизматрасониҳо боз ҳам баланд бардошта шавад.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои вобаста ба беҳтар намудани шабака, эҳтимол дорад дар баъзе минтақаҳо халалҳои кӯтоҳмуддат дар кори хизматрасониҳо ба миён оянд. Чунин ҳолатҳо қисми ногузири раванди модернизатсия ва танзими таҷҳизоти нав ба ҳисоб мераванд.

Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то корҳои мазкур дар муҳлати ҳарчи кӯтоҳ анҷом ёфта, Шуморо бо хизматрасониҳои боз ҳам босифат, устувор ва боэътимоди алоқа таъмин намоем.

Барои нороҳатиҳои муваққатӣ аз Шумо маъзарат мехоҳем ва барои эътимод, ҳамкорӣ ва интихоби ширкати «Вавилон-Мобайл» изҳори сипос менамоем!


Бозпас ба рӯйхат