Telecom Awards Tajikistan — 2025

Муштариёни азизи мо!

Дирӯз маросими ҷоизасупории «Telecom Awards Tajikistan — 2025» баргузор гардид ва ширкати «Вавилон-Мобайл» соҳиби якчанд ҷоизаҳои муҳим гардид:

  • «Интихоб ва эътирофи муштариён»
    байни ширкатҳои алоқаи мобилӣ
  • «Сареътарин ширкати алоқаи мобилӣ»
    вобаста ба суръати интернет
  • «Беҳтарин таносуби нарх ва сифат»

Барои мо ин танҳо ҷоиза ва эътироф нест.

Пеш аз ҳама — ин боварӣ ва эътимоди муштариёни мост.

Ин интихоби ШУМО аст.

Ин тасдиқи он аст, ки сифати алоқа, суръати интернет, нархҳои дастрас ва меҳнати ҳаррӯзаи дастаи мо воқеан барои мардум муҳим аст.

Ҳар яке аз ин пирӯзиҳо — ба шарофати ШУМО мебошад.

Ташаккур, ки ширкати «Вавилон-Мобайл»-ро интихоб мекунед ва ба мо боварӣ доред!


Бозпас ба рӯйхат