Стандарти GSM 900/1800/EGSM/3G-UMTS
 

  Тоҷ     Рус     Eng    
 
АХБОР
ОИДИ ШИРКАТ
МИН. ФАРОГИРӢ
ТАРОФАҲО
ХИЗМАТ.-ҲО
МАҚОЛАҲО
НИШОНИҲО
ИСУУ
3,5G - HSDPA

Content on this page requires a newer version of Adobe Flash Player.

Get Adobe Flash player

 

3.5G-HSDPA

Хизматрасонии 3,5G-HSDPA ба муштариёни «Вавилон-Мобайл» имконият медиҳад, ки аз дастёбии Интернет бо суръати то 7,2 Мбит/с истифода баранд ва инчунин сифати интиқоли хизматрасониҳои мултимедиавӣ аз қабили Зангҳои видеоӣ, ММС ва ғайраро баланд бардоранд.

HSDPA чӣ аст?

HSDPA (High Speed Downlink Packet Access) – технологияи баландсуръати маҷмӯи дастрасӣ дар хати воридшаванда. Барои он ки Шумо тавонед мусиқӣ ва видеоро роҳандозӣ намоед, якҷоя бо парвандаҳо кор кунед, почтаи электрониро бо ғунҷоиши зиёди пешниҳодҳо ирсол намоед, бо веб-саҳифаҳо машғул шавед, маҷрои маълумотҳоро қабул намоед, дар ҳолати онлайн самаранок фаъолият намоед, HSDPA суръати баланди интиқоли маълумотро таъмин менамояд.

Агар USB-модеми пуштибоникунандаи низоммеъёри HSDPA дошта бошед, Шумо симкорти худ ва ё Mobi-Net-корти махсусро гузошта суръати рекордии Иртернетро то 7,2 Мбит/сония дар ПК-и худ сохиб мешавед.
Гунҷоиш дар муосиртарин шабакаи технологии HSDPA ба истифодабарандагон ҳамаи бартариятҳои Интернети мобилӣ, аз ҷумла роҳандозии мусиқӣ, клипҳои видиоӣ ва ғайра, инчунин интиқоли почтаи электронӣ – ва ҳамаи инро бо суръати бениҳоят баланд таъмин менамояд. Вобаста ба он ки Шумо дар кадом минтақаи шаҳри Душанбе қарор доред интиқоли маълумот бо суръати баланд гузаронида мешавад.

Диққат!

- Суръати Интернет аз ландшафт, меъморӣ, иморат, тарҳи бино ва ва пурбории шабака вобаста аст
- Барои ба даст овардани суръати баланди то 7,2 Мбит/с телефони Шумо бояд низоммеъёри HSDPA-ро пуштибонӣ намояд.
- Арзиши Интернет – трафик ба нақшаи тарофавии Шумо вобаста аст.

Шуморо ба олами технологияи баланд хайрамақдам мегӯем!