|
GPRS (Интернети баландсуръат)
GPRS чист?
Аббревиатураи GPRS чунин рамзкушоӣ карда мешавад (General Packet Radio Service) – ташкили интиқоли маълумот бо суръати баланд (масалан барои васлшавии доимии телефон тариқи GPRS - ба шабакаи Интернет)
GPRS барои чӣ лозим аст?
Барои кор дар шабака на танҳо GPRS-и телефони мобилиро, балки компютер (масалан ноутбук) ва ё органайзери электрониро (Palm, Pilot, Psion ва ғайраро) истифодан бурдан мумкин аст. Дар ин маврид, Шумо метавонед саҳифаҳои HTML- ро аз назар гузаронед, файлҳоро гиред, бо почтаи электронӣ кор кунед ва аз дигар захираҳои Интернет истифода баред. Агар дар шабакаи GSM- и оддӣ суръат то 14,4 Кбит/с бошад, дар GPRS назариявӣ миқдори зиёдаш бо ҳама имкониятҳояш ба171,2 Кбит/ сония мерасад.
3.5G-HSDPA
Хизматрасонии - 3,5G-HSDPA ба муштариёни «Вавилон-Мобайл» истифодабарии Интернетро бо суръати то 7,2 Мбит/с, имкон медиҳад ва инчунин, сифати интиқоли хизматрасониҳои мултимедиявӣ аз ҷумла зангҳои видеоӣ, ММС ва ғайраро баланд менамояд.
HSDPA чист?
HSDPA (High Speed Downlink Packet Access) – технологияи баландсуръати дастрасии пакетӣ аз канали даромад мебошад. HSDPA- барои он, ки Шумо тавонед мусиқӣ, бозӣ насб намоед ва ҳам замон бо файлҳо кор кунед, почтаи электрониро бо гузоришҳои зиёд ирсол намоед, бо веб саҳифаҳо кор кунед, ҷараёни маълумотро қабул намоед, дар реҷаи он- лайн фаъол бошед, суръати баланди интиқоли маълумотро таъмин менамояд.
Агар Шумо USB-модем стандарт HSDPA дошта бошед сим – корти худ ё Mobi-Net – картаи махсусро ба компютери худ мегузоред ва суръати рекордии 7,2 Мбит/сонияро дарёфт мекунед.
Якҷоягӣ бо технологияи шабакавии замонавӣ HSDPA тамоми истифодабарандагонро бо афзалияти Интернети мобилӣ, насбнамоии мусиқию бозӣ, видео-клипҳо, ирсоли почтаи электронӣ ва ҳамаи инҳоро бо суръати бениҳоят баланд, таъмин менамояд.
Вобаста ба он, ки дар кадом минтақа ё қисмати шаҳри Душанбе ҳастед, ба Шумо суръати бениҳоят зиёди интиқоли маълумот дастрас мегардад.
Таваҷҷӯҳ!
- Суръати Интернет вобаста аз ландшафт, меъмории иншоот, сохти бино ва пурбории шабака вобаста аст.
- Барои ба даст овардани суръати бениҳоят баланд то 7,2 Мбит/с телефони Шумо бояд стандарти HSDPA-ро дошта бошад.
- Арзиши трафики Интернет аз нақшаи тарофавӣ вобастагӣ дорад.
ХУШ ОМАДЕД БА ДУНЁИ ТЕХНОЛОГИЯИ БАЛАНД! |